Наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22-юми сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимоли кишвар анҷом доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда - А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари вай хонум Л.И.Писарчуковскаяи 39-сола, сокини шаҳри Владикавкази Федератсияи Русия аз ҷониби сарвари ин гурӯҳ Константин Гарнага расидааст.

“Вай хабар дод, ки ду узви ин гурӯҳ бо мақсади дидани қаторкӯҳ рафтанд ва дар вақти муайяншуда иртибот накарданду ҳамоно тамос бо ин ду нафар вуҷуд надорад”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ як гурӯҳи махсус  даст ба кор шуда, аз роҳе, ки онҳо оғоз карда буданд, фарози кӯҳ баромад.

“Корҳои наҷотбахшӣ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи урдугоҳи кӯҳнавардии “Артуч” сурат пазируфта, баъд аз 19 соати ҷустуҷӯ кӯҳгардони рус пайдо ва то ба урдугоҳашон оварда шуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ниёз ба ёрии тиббӣ надоранд”, - қайд мешавад дар маълумот.

Дар ин амалиёт панҷ наҷотдиҳанда ва як техника ҷалб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.