Бар асари ду садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр ронандаи автомашинаи Daewoo Damas Қаҳрамон Орифови 28-сола зимни ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Хуршед Тошеви 15-соларо пахш кардааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта ноболиғ дар бемористон фавтидааст.
Ҳамин рӯз дар ҷамоати Руғунди шаҳри Истаравшан ронандаи автомашинаи Hyundai Porter аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ҳабибҷон Парвизи 1-соларо пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.