Дар яке аз манзилҳои маҳаллаи Зарафшони Душанбе рӯзи якшанбе сӯхтори бузург ба амал омад. Аксҳо аз ҷойи ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.

Зимнан оташ як ҳуҷраи манзилро пурра фаро гирифта, одамон ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд ва касе осеб надидааст. Сабабҳои сар задани сӯхтор алҳол маълум нест.

1/3

Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ то ҳол дар бораи ин ҳодиса маълумот надодааст. Аз раёсати милитсияи пойтахт низ дастрас кардани маълумот дар бораи ин сӯхтор муяссар нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.