Дар вилояти Суғд зарфи 9 моҳи соли равон 557 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шуда, ба хоҷагии халқ ва иқтисоди он беш аз 14 миллиону 345 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, тӯли ин муддат аз офатҳои табиӣ дар шимоли кишвар 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилояти Суғд 532 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷон бохтанд.
Ин рақамҳо имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд эълон гардид. Сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии раёсат майор Зуҳриддин Нуралиев гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 ҳодисаҳои фавқулода ба маблағи 16 миллиону 310 ҳазор сомонӣ зарар расонда буд.
Соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 9 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 13-уми январ дар натиҷаи лағзиши тарма дар деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Сипас 17-уми январ боз ҳам бар асари лағзиши тарма дар деҳаи Ҳафтрӯд 1 сокини он фавтид. Рӯзи 24-уми апрел аз резиши санг дар километри 155-уми шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” авомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser Prado” зарар дид ва шаҳрванди 41-солаи пойтахти кишвар ба ҳалокат расид.
Ҳамзамон наҷотбахшон дар 78 амалиёти кофтуков, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ширкат варзиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста