Бар асари бархӯрди нақлиёт дар роҳи автомобилгарди “Душанбе – Хуҷанд” як сокини ноҳия Ёвон ба ҳалокат расид, шаҳрванди Ӯзбекистон маҷруҳ шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, садамаи нақлиётӣ шоми 9-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ронандаи автомошинаи тамғаи “Лексус-470” Илҳомҷон Иброҳимов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа гардидааст.
Дар натиҷа мусофир Асад Маҳмудов, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рафторбек Ҷумъаеви 19-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Аз Сомониён то Сиёвушгирд. Дар Дарвозу Шуғнон чанд деҳаи нав “ташкил” шуд
Вазири фарҳанг ваъда дод, Вазорати тандурустӣ роҳпулӣ ҷудо кард, вале ҳанӯз маблағи табобати Нозим Меликов ҷамъ нашудааст
Як мард дар Хуросон барои шиканҷаи ҳамсару кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд
Даромад аз кӯҳу пушта! Бузургтарин боғи чормағз дар куҷо ва чӣ гуна бунёд шуд?
Хатсайри нави Душанбе – Риёз. Роҳандозии ин хатсайр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ баррасӣ шуд
Ҷудокорзани тоҷик ба медали тиллои Ҷоми Осиё дар Гонконг соҳиб шуд
“Ба мусофирон хӯрок диҳед!” Талаби Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ
“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста