Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ишкошим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯйи далели худкушии сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” Ориф Турдиев дар ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ рӯзи 5-уми октябр худро парронда буд.

Тибқи баъзе маълумот, сармуҳосиб Ориф Турдиев тахминан соатҳои 16:40 дар бинои филиал худро паррондааст. Силоҳро ӯ аз бонк гирифтааст, ки дар басти корӣ ба посбонон дода мешавад.

Дар “Амонатбонк” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Амина Шермамадова, сардори филиали “Амонтабонк” дар ноҳияи Ишкошим аз кор озод карда шуд. Вале сабабашро шарҳ надоданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Ишкошим, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи “Хунукназарӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Хунукназарии ӯ дар он зоҳир мешавад, ки аслиҳа дар дохили сейф набуда, дар девор овезон буд ва онро метавонистанд озодона ба даст гиранд”, - хабар дод ӯ.

Тасдиқи ин маълумот ба мо муяссар нашуд – мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳия тамоми рӯз ба зангҳои телефонӣ посух надоданд.

Сабаби марги сармуҳосиб алҳол санҷида мешавад. Аммо яке аз ҳамсоягонаш, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт: “Турдиев аз аттестатсия нагузашт, аз ин рӯ, худро идора карда натавонист”.

“Марҳум шахси саводнок ва корашро хеле хуб медонист, - мегӯяд ҳамсояаш. - Дар бораи сабабҳои худкушии ӯ фарзияҳо гуногунанд. Масалан, мегӯянд, ки духтараш қарздор буда, ин вазъ ӯро хеле дар ташвиш гузошта буд. Лекин сабаби асосӣ дар он аст, ки ӯ аз аттестатсияи ҳар ду сол баргузор мешуда нагузашт. Мегӯянд, ки аз ин сабаб сабру оромиро аз даст дода, хеле нороҳат буд. Рӯзи 5-уми октябр таппончаро гирифта, худро парронд. Хунаш зиёд талаф ёфта, мутассифона, ӯро наҷот дода натавонистанд ва дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.