Дар пайи ду садамаи нақлиётии рӯзи гузашта 2 нафар ҷон бохта, як кас захмӣ шудааст.

Сокини 27-солаи ноҳияи Вахш Алишер Раҳматов 16-уми октябр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёти тамғаи “Чанху” набаромада, ба тепловози ТЭМ №5016 таҳти идораи Эргашалӣ Тошпулотов бархӯрд. Дар натиҷа мусофири “Чанху” Ҷангил Мелибоеваи 59-сола ҷароҳатҳои вазнини бардошта, дар беморона ба ҳалокат расид. 

Ба иттилои ВКД, мусофири дигари автомашинаи мазкур Сунатулло Усмонов, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Вахш ароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол бистарии беморхона аст.

Инчунин худи ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Марк-2” Файзалӣ Сайвалиеви 32-сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Алланазар Ҷариевро пахш кардааст.

Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.