Тақрибан соати 8:10-и субҳи имрӯз дар кӯчаи Маяковский як кӯчарӯб ба ҷуқурии барои гузаронидани қубурҳо кофташуда афтода, аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуд.
Ин маълумотро дар Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс”тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки зани кӯчарӯб 32-сола будааст.
“Ба мо аз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) занг зада, хабар доданд, ки субҳ зан аз беэҳтиётӣ ҳангоми рӯфтани роҳ ба ҷуқурӣ афтода, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дигар маълумот надорем”, - гуфтанд дар ШВКД.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр кард, ки дар қаламрави мазкур корҳои сохтмон, ҳамчунин ивази қубурҳо ҷараён доранд.
Нашрияи “Фараж” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кӯчарӯб Нигора Каримова ном дошта, соли таввалудаш 1987 мебошад.
“Номбурда ба чоҳи лӯлаҳои интиқоли оби гарм афтодааст. Зоҳиран, сарпӯши ин чоҳ пӯшида набудааст, ки зан ба он афтодааст”, - менависад нашрия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.