Сабаби сар задани сӯхтор дар меҳмонхонаи сохтмонаш нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар Душанбе истифодаи нодурусти нерӯи барқ мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Кароматулло Абдуллоев, котиби матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар дод.
“Субҳи 4-уми ноябр ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон дар меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” сӯхтори начандон калон сар зад. Оташ тақрибан 200 метри мураббаъро фаро гирифт. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор истифодаи нодурусти қувваи барқ аз сӯйи бинокорон аст”, - хабар дод Кароматулло Абдуллоев.
Ба гуфтаи Абдуллоев, сӯхтор соати 10:55 ба амал омада, 12 автомашинаи сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
“Оташ дар фурсати кӯтоҳ хомӯш карда шуда, ҳеҷ касе аз бинокорон осеб надид. Ба муайян кардани ҳаҷми зиён аз сӯхтор комиссияи махсус машғул аст”, - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешавад.
Бунёди иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.
Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.
Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи панҷситорадор 15-уми марти соли 2006 доир гардид. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.
Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Ҷон бохтани як духтари чорсола дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт
Боздошти 8 кас, ки худро "корманди амният муаррифӣ карда", аз шаҳрвандон маблағ меситонидаанд
“Асоси забон калима аст”. “Вожаомӯз” чӣ барнома аст ва тариқи он чӣ гуна метавон забони англисӣ омӯхт?
Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд
Ду сокини Панҷакентро барои қочоқи маводи мухаддир аз 16 то 19 сол зиндонӣ кардаанд
Амрико додани раводиди муҳоҷиратро барои шаҳрвандони 75 кишвар бозмедорад. Тоҷикистон ҳам дар ин рӯйхат ҳаст?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 6
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста