Дар бозори “Кербен”-и шаҳри Бишкек ду шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша кардаанд. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба қафаси синаи дигарӣ бо корд зарба задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сарраёсти умури дохилии Бишкек хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 12-уми ноябр дар бозори “Кербен” шаҳрвандони Тоҷикистон И.И. ва Х.А. дар масъалаи қарз ба муноқишаи лафзӣ пардохта, он ба ҷанҷолу занозанӣ табдил меёбад. “Шаҳрванд И.И. ба қафаси синаи шаҳрванд Х.А., соли таваллудаш 1989 бо корд зарба задааст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса аз ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти милитсияи Бишкек.

Ин ҳодиса дар Раёсати умури дохилии ноҳияи Свердловски Бишкек сабт ва мутобиқи моддаи 130-и КҶ Қирғизистон (Одамкушӣ) тафтишӣ тосудӣ оғоз шудааст.

Зикр мешавад, ки дар ҷараёни тадбирҳои ҷустуҷӯйӣ кормандони ВКД Қирғизистон ба гумони даст доштан дар ин куштор шаҳрванд И.И., соли таваллудаш 1989-ро боздошт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.