Маълумоти нашршуда дар ВАО оид ба дарёфти ҷасади сайёҳзани рус дар шарқи Тоҷикистон, ки ҳанӯз тобистон дар дарёи кӯҳӣ ғарқ шуда буд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ тавзеҳ додааст.

Ирина Третяковаи 61-сола рӯзи 13-уми августи соли равон дар ноҳияи Сангвор аз пул ба дарёи Қирғизоб афтода буд. Замони рух додани ҳодиса боз 4 нафар шаҳрвандони Русия: Александр Колпаков, Алексей Колпаков, Георгий Ретман ва Виктория Ким низ ҳамроҳи ӯ аз пул мегузаштанд. Наҷотбахшони КҲФ муддати моҳҳои гузашта ҷасади сайёҳзанро ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфова, рӯзи 13-уми ноябр “дар 2,5-3 километр поинтар аз ҷойи афтодани сайёҳзан борхалта, дастгоҳи аксгирӣ, як миқдор пул, пораи мӯй ва эҳтимол протез” ёфтаанд.

Ба қавли ӯ, дар борхалта (рюкзак) ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пайдо нашудааст.

“Мо гуфта наметавонем, ки ин чизҳо ба кӣ тааллуқ доранд. Ҳамаи онҳоро ҷамъ карда,  барои ташхис ба ВКД фиристодем”, - иброз дошт Юсуфова.

Зикр шуд, ки дар бораи дарёфт нашудани ягон ҷасад сардори ситоди Кумита дар ноҳияи Сангвор маълумот додааст.

Ба суол дар бораи сабаби пас гузашти се моҳ пас аз ҷустуҷӯҳои ҷиддӣ дарёфт шудани ин чизҳо, Юсуфова қайд кард, ки тамоми ин муддат онҳо зери об буданд. “Тобистон ин ҷо зери об буд. Ҳозир дарё камоб ва пайдо кардани онҳо муяссар шуд”, - гуфт ӯ.

Дар бораи дарёфти боқимондаҳои ҷасади сайёҳзан, аз ҷумла, молики як ширкоргоҳ дар ноҳияи Сангвор Темур Исматов ба Радиои Озодӣ хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.