Прапоршики яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Талабшоҳ Қамаров аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои латукӯби сарбози қаторӣ Ҷумъахон Кенҷаев ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Тибқи иттилои торнамои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, нимаи моҳи октябр прапоршик ба сарбоз супориши ғайриоинномавӣ додааст, ки ба ӯ амри «Низом» диҳад.

“Сарбоз ин амри ӯро иҷро намекунад, зеро супориш бархилофи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, - қайд мешавад дар хабар. - Қамаров барои ин “беҳурматӣ” нисбат ба худаш сарбозро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст”.

Бинобар сабаби мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкарда прапоршик аз кор озод шудааст. Бо қарори суд, ки нимаи моҳи ноябр баргузор шуд, ӯ ҳамчунин 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупорад.

Моҳи июни соли 2017 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тамоми маълумотро бо рақамҳои телефон ва суроғаҳо ҷамъоварӣ кард, ки дар сурати маҷбурӣ ба артиш бурдан (облава) ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ метавон аз онҳо истифода кард.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.