Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели тирпаррониро шоми 17-уми ноябр дар шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) рад мекунанд ва мегӯянд, маълумоти нашркардаи чанде аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надорад.
Дар қисми навбатдории РВКД-и вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои фавқулода дар вилоят маҳз ба онҳо мерасад, аммо оид ба тирпарронӣ дар Леваканд ягон иттилоот ё маълумоте нарасидааст.
“Маъмулан, баъд аз расидани чунин маълумот, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии кормандони милитсия бетаъхир ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешавад, лекин он шом ягон гурӯҳ ба Леваканд нарафтааст”, - қайд карданд дар қисми навбатдорӣ.
Дар дастгоҳи раиси шаҳри Леваканд низ маълумотро оид ба тирпарронӣ дар шаҳр рад карданд.
“Шаҳри мо начандон калон буда, аз рӯйдодҳо дарҳол ҳама огоҳ мешаванд, хусусан, дар шаҳрдорӣ, аммо ягон далели типарронӣ вуҷуд надошт”, - қотеъона қайд карданд дар шаҳрдории Леваканд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шоми 17-уми ноябр дар назди хонаи тоҷири маъруф Илҳом Ҳотамов (бо номҳои Илҳоми Ботурободӣ ё "Илҳом-Командир" низ маъруф аст) дар Леваканд байни одамони ӯ ва гурӯҳе аз номи моликони бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Бозор ба оилаи бонуфуз дар ҷануби Тоҷикистон – Соҳибовҳо тааллуқ дорад, ки ду нафари онҳо – Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо ҳамсарони духтарони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Илҳом-командир собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқӣ, феълан тоҷир аст, ки ба содироти пахта тариқи ширкати «Тамер ИНБ» машғул аст.
"Гурӯҳи аввал ба хонаи Ҳотамов Илҳом Шарбатович рафтаанд ва миёни онҳо баҳс сар задааст. Баъдан баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ кашида мешавад," - гуфтааст як манбаи Радио Озодӣ. Ба қавли ӯ, баҳс ба сари замин ва қарз будааст.
Дар Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, он шом ягон нафари маҷруҳро ба беморхонаи онҳо наовардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста