Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон кумак каданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, бегоҳии 19 ноябри соли равон ба Қисми навбатдории Кумита аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  як хонум занг зада, изҳор доштааст, ки дари оҳании даромади манзили худро наметавонад боз кунад. Писарчаи дусолаи ӯ даруни хона танҳо мондааст ва ӯ аз сарнавишташ басо нигарон аст.

Кормандони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сари вақт  ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва тифлаки дусоларо солим ба модараш расонданд.

Ҳамзамон нимишабӣ дар лифти хонаи нуҳошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду ҷавон дармондаанд. Лифт на боло мерафту на поин ва на дари худро боз мекард.

Ҳамсояҳо ба қисми навбатдории Кумита занг зада, бо арзи ҳолати пешомада кумак хостанд. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса худро расонданд. Маълум карданд, ки лифт миёни ошёнаҳои панҷум ва шашум дармондааст.

Дар як муддати хеле кӯтоҳ лифтро боз карданд ва ду ҷавонро аз дохили он берун оварданд. Онҳо дигар савори лифт нашуда, бо изҳори ташаккур ба наҷотдиҳандагон бо зинаҳо ба манзилҳои худ боло шуданд. Барои онҳо кумаки тиббӣ низ лозим нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.