Дар шаҳри Истаравшан зимни бархӯрди ду сабукрав модару кӯдаки хурдсолаш ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои ВКД, ин садама 22-юми ноябр  дар 8-ум километри роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Уяс” ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Оламафрӯз Ҳамидов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Акмал Ҷӯрабоев бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронанда Оламафрӯз Ҳомидов ва мусофирони автомашинаи мазкур Фирӯза Раҷабова бо кӯдаки хурдсолаш Фирдавс Ҳомидови яксола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи беморхона фавтидаанд.

Ҳамон рӯз дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Маъруфҷон Худойназаров пиёдагард Илҳом Исматуллоевро пахш кардааст. Дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин 21-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Аъзам Абдураҳмонов пиёдагарди ҷинсаш зан, шахсияташ номаълуми тахминан 30-35-соларо пахш кардааст. Пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.