Шоми 24-уми ноябр мошини тамғаи “Opel”, ронандааш шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Э.Н. ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бухоро ба Самарқанд дар километри 141-уми ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд ба панҷараи бетонӣ бархӯрдааст.

Тибқи маълумоти Раёсати тафтишоти ВКД Ӯзбекистон, хоби ронанда сари чанбараки мошин бурда, ихтиёри идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст.

Дар натиҷаи ин садама Э.Н. аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуда, мусофири автомашина – У.К.-и 28-сола дар бемористони марказии ноҳияи Пахтачин бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия Пахтачин парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.