Мошини ёрии таъҷилии тиббии мансуб ба Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми декабр ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрд.

Замони садама табиб Пайрав Ишрапов ва ронанда Миралӣ Лоиқов дар дохили он буданд.

“Кормандони мо ба даъвати таъҷилӣ шитоб доштанд, лекин дар роҳ дучори садама шуданд. Мо дарҳол ба ҷойи ин ҳодиса ва даъвате, ки онҳо мерафтанд, ду автомашинаи дигари ёрии таъҷилӣ фиристодем”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини сардухтури ин беморхона Раҳимҷон Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, ронандагон бояд донанд, ки “вақте мошини ёрии таъҷилӣ бо чароғаки фурӯзонаш ва бонги даъвати фаврӣ равон аст, ҳаёти касеро наҷот медиҳад”.

“Бар асари садама кормандони мо ҷароҳатҳои сабук бардошта, айни замон худро хуб ҳис мекунанд ва дар ҷойи коранд. Онҳо бистарӣ нашуданд, зеро ҷароҳатҳои ҷиддӣ надоштанд”, - қайд кард Раҳимов.

Тавре дар торнамои Oila хабар дода мешавад, рӯзи 1-уми декабр дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрда, чаппа шуд.

Одамоне, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, ба берун овардани ронанда ва табиб кумак карданд. Тавре дида мешавад, шахсони дар дохили Toyota Camry қарордошта осеби ҷиддӣ надидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.