Ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳри Турсунзода нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода Абдуллоҷон Аскаров пай набурдааст, ки дар ҳавлии истиқоматиаш духтарчаи яксолааш назди мошин бозӣ дорад.

“Ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан духтарча зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилои ВКД дар бораи дигар ҳодисаи ба ин монанд дар пойтахт, зимни ҳаракат дар кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯҷаи Неъмат Қаробоев ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс", сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Фармон Абдиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар духтарони 19-солаи сокини Душанбе - Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро пахш мекунад.

“Дар натиҷа духтарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд”, - қайд мешавад дар хабар.

Далелҳои зикршудаи ҳодисаҳои садамаи нақлиёт аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ таҳқиқ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.