Рӯзҳои истироҳати гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 5 нафар, аз ҷумла, кӯдаки 7-сола ва мӯйсафеди 80-сола ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои ВКД, 15-уми декабр дар ноҳияи Вахш ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Баҳриддин Умаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қурбоналӣ Абдурауфовро пахш кардааст. Дар натиҷа кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Субҳи ҳамон рӯз дар ноҳияи Варзоб ронандаи “Опел Вектра” Субҳоналӣ Рафиев ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пиёдагарди 80-сола Бобомурод Давлатовро пахш кардааст. Мӯйсафеди нафақахӯр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Шоми 14-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия” Шарифҷон Хайруллоев ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии поёни шаҳри Ҳисор ба “Трактор” бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи “Дэу-Нексия” ва мусофири дохили мошин Гулрухсор Ҳабибуллоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигари сабукрав бистарии беморхона шудаанд.

Ҳамон рӯз дар шаҳри Ваҳдат ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бахтиёр Завуров ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Майсазор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шариф Соҳибовро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.