Дар шаҳри Душанбе зимни сӯхтор як шаҳрванди миллаташ гурҷӣ ба ҳалокат расид. 

Бино ба иттилои ВКД, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 15-уми декабр сӯхтор ба амал омад. То ба ҷойи ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Натела Гугинева, соли таваллудаш 1980, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди Қазоқистон фавтидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои даромадгоҳи он аз ошёнаи 8-ум то 11-ум сӯхтор фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат паҳншаванда сокинони биноро ба таҳлука оварда буд.

Дар натиҷаи саривақт гузаронидани амалиёт ва дуруст сафарбар кардани қувваю воситаҳо, оташ ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нашуда, дар масоҳати аввалааш ба зудӣ хомӯш карда шуд.

Дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мутахассисони соҳа муайян карданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар кабелу ноқилҳои барқӣ ва аз меъёр зиёд истифодабарии нерӯи барқ аз тарафи сокинон будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.