Давоми ду рӯзи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 3 кас фавтида, 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 17-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғуломҷон Норови 31-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи сабукрав набаромада, пиёдагард Исроил Ғуломови 18-солаи сокини шаҳри Ҳисорро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз ронандаи мошини «Мерседес-Бенс» Мақсудҷон Ҳамроҷонов ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Собирҷон Ҷамолиддинов бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофир Шаҳло Низомиддинова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бистарии дармонгоҳ шудаанд. Дар беморхона ронанда Ҳамроҷонов аз ҷароҳатҳои бардошта фавтидааст.

Рӯзи 16-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Леганзе” Мирқосимов Ҳасан ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Турдибобо аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди нафақахӯр Ҳамроқул Зоҳидовро пахш кардааст. Дар натиҷа мӯйсафед аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.