Дар қаламрави ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо кӯдакон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар яке аз ҳодисаҳо ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Салим Мирзошоеви 44-сола аз уҳдаи идоракунии воситаи нақлиёт набаромада, Разиаллоҳ Давлатёрови 3-соларо пахш кардааст. Кӯдак аз ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Дар ҳолати дигар ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, сокини маҳаллӣ Ҳоҷӣ Давлатзодаи 39-сола дар ҳолати мастӣ сари чанбарак пиёдагард Фирдавс Гулмуродови 16-соларо пахш кардааст. Ноболиғ дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.