Соати 1:40 дақиқаи шаби 30-юми декабр дар ошхонаҳои хусусии «Сомониён», «Наврӯз» ва «Сафо», воқеъ дар кӯчаи Крупская 1/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷа ошпази ошхонаи хусусии «Сомониён», ки ҳангоми сӯхтор дар дохили ошхона қарор дошт, ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд.

Гуфта мешавад, ки соати 1:43 ба ҷойи ҳодиса қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар гардиданд. Оташ дар масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ ошхонаҳои хусусиро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн шудани он ба иншооти дигар ба миён омада буд.

Дар натиҷаи амалиёти саривақтии кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, сӯхтор дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда шуд.

Таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва зарар муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.