Охири ҳафтаи гузашта боз як ҳодисаи кордзании ноболиғ дар шаҳри Душанбе ошкор шудааст. 

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир шудааст.

Ӯ рӯзи 27-уми декабр, тахминан соати 15:00 ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Синоро латукӯб кардаву бо олоти халандаю бурранда як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхонаи «Шифобахши»-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.