Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ муваққатан қатъ шуд.

“Дар ин қитъаҳои роҳ тарма фаромада, ҳамзамон дар қитъаҳои дигар хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма ва барфи зиёд идома доранд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Далер Мерганов, сухангӯйи ширкати IRS.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ширкат имрӯз, 2-юми январ якчанд мусофиронро наҷот доданд, ки зери тарма монда буданд.

“Субҳи барвақт кормандони ширкат мусофирон ва ронандаеро, ки дар километри 55-уми роҳ зери тарма монда буданд, наҷот доданд. Ин тармаи аввалин дар соли равон буда, барои ин мавсими сол ногаҳонист”, - қайд кард Мерганов.

Кай барқарор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд алҳол маълум нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз 31-уми январ дар бораи эҳтимоли фаромадани тармаҳо дар ағбаҳои Тоҷикистон огоҳӣ ба нашр расонида буд. Кумита боисрор аз аҳолӣ даъват ба амал оварда буд, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.