Дар роҳи мошингарди вилояти Тюмен автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомашинаи боркаш бархӯрд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаши Isuzu имрӯз дар километри 266-уми роҳи автомобилгарди федералии Тюмен-Ханти-Мансийск дар ноҳияи Тоболи вилояти Тюмен рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, дар автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Сургут мерафтааст, 7 нафар мусофирон осеб дидаанд. Бар асари ин садама ронанда ва мусофири Isuzu ҳалок шуда, айни замон шахсияти онҳо муайян карда мешавад”, - омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи хадамоти таъҷилии минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки ҳамаи мусофирони автобуси ба садама дучоршуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Бино ба маълумоти саҳеҳшуда, дар автобус ҳамагӣ 45 нафар, аз ҷумла, 5 кӯдак сафар доштаанд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд” , - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

РЕН. ТВ дар бораи 7 нафар ҳалокшудагон хабар медиҳад.

"Шумори фавтидагони садамаи бархӯрди автобус бо мошини боркаш ба 7 нафар расид. Тавре қаблан зикр гардида буд, бар асари ин садама 2 нафар ҳалок шуда, маҷруҳон ба бемористон мунтақил шуданд”, - иттлоъ медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Сабаби рух додани садама мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин садама 5 шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ки аз миёни онҳо 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштаанд, ки дар робита ба ин ҳодисаи нохуш бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Русия дар тамос ҳастанд ва тозатарин маълумотро дастрас мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.