Бар асари сӯхтор дар хобгоҳи коргарони сохтмон дар ноҳияи Раменскои вилояти Маскав 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора НТВ бо истинод ба хадамоти таъҷилии минтақа хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Яке аз осебдидагон ба бемористони марказии ноҳияи Раменское мунтақил шудааст.

Масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули кор буда, сарчашмаи сар задани сӯхтор ва сабабҳои он таҳқиқ мешаванд.

Субҳи имрӯз соати 5:00 сохторҳои хобгоҳи коргарон дар деҳаи Нестерово оташ гирифтанд. Базудӣ майдони фарогирии оташ ба 240 метри мураббаъ расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.