Рӯзи 14-уми январ аз таркиши норинҷаки дастӣ дар маркази шаҳри Душанбе сокини пойтахт Иван Мезентсев ҳалок шуд.

“Муайян карда шуд, ки норинҷаки РГД-5-ро Мезентсеви 33-сола дар хонааш бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Бо сабабҳои номаълум ӯ дар ҳолати мастӣ норинҷакро бо худ мегирад”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти ВКД, вақти дар даромадгоҳи бинои хона қарор доштан нориҷак дар дасти мард таркидааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта Мезентсев дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, айни замон санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.