Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як пиёдагард зери чархи автобус монда, аз ҷароҳатҳои вазнин ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои ВКД, 15-уми январ дар деҳаи Гулрези ноҳияи Дӯстӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “ПАЗ-762” Саидабит Кличев ҳангоми ҳаракат ба самти деҳаи Ғалаба пиёдагард Ҷаҳан Пархаеваро пахш кардааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ фавтидааст.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.