Имрӯз соати 12:09 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, маркази он 260 км дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Лашх буд.

Қувваи заминларза дар маркази он – ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш 5 баллро ташкил дод, дар шаҳри Душанбе 2 балл буд.

Аз вайрониву харобиҳои ин зилзила дар Тоҷикистон гузориш нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.