Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин садамаи марговар дар қаламрави ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст.

Гуфта мешавад, сокини ҳамин ноҳия, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Шералӣ Комиловии 34-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва чаппа мешавад.

Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Раъно Шамсиеваи 37-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мешавад, ки худи ронанда низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2019 дар қаламрави кишвар 1212 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо 391 нафар ҳалок ва 1314 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар муқоиса бо соли 2018 шумори садамаҳои нақлиёт 73 ҳодиса, ҳалокати шаҳрвандон – 4 ҳолат ва ҷароҳат бардоштан – 42 ҳолат камтар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.