Дар як майдони сохтмон дар шаҳри Архангелски Русия шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 12-уми бино ба замин афтод. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти вилояти Архангелск хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти тафтишоти вилоят ва Ҳавзаи мухтори Ненетск санҷиши пешазтафтишотӣ гузаронида мешавад.

Ба ҷуз шаҳрванди Тоҷикистон будани ин марди фавтида, дар бораи шахсияти ӯ маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки тафтишот тамоми ҷузъиёти ҳолатҳои рух додани ҳодисаро муайян карда, то кадом андоза риоя шудани қоидаҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ин сохтмон таҳқиқ мекунад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 966 ва соли 2017 – 873 ҷасади шаҳрвандони ҷумҳурӣ интиқол дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.