Раиси суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода  шаби гузашта бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои КҲФ, мошини "Опел", ки раиси додгоҳ савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 мусофири сабукрав фавтида, 2 нафари дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи "Опел" Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.

Як нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Истаравшан Исроилҷон Ваҳҳобов будааст.

Содиқҷон Ваҳҳобзода 12-уми декабри соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Истаравшан таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.