Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бар асари сӯхтор дар манзили истиқоматӣ 4 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои КҲФ, ин сӯхтор соати тахминан 03:04 дақиқа дар яке аз хонаҳои истиқоматии ҷамоати Ёва ба амал омад.

Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кӯтоҳ оташи азимро хомӯш карданд, вале натавонистанд ҷони 4 нафар аъзои ин хонадонро аз марг наҷот диҳанд. Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби фавти бошандагони хона гардид.

Дар ин ҳодиса падари хонадон Абдуалӣ Раҷабови 28-сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25-сола ва ду тифли онҳо – Сафияи чаҳорсола ва Кабирҷони сесола ҳалок шуданд.

Мақомоти дахлдор сабабҳои сӯхторро таҳлил ва омилҳои марги аҳли оиларо тафтиш мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, дар истифодаи таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд. Бахусус, шабҳангом, ки вақти хобу истироҳат аст, бояд кулли таҷҳизоти барқиро хомӯш кунанд. Ҳамеша ноқилҳои барқиро хабар гиранд ва агар ҷойе ноҷӯрӣ ё мушкилеро мушоҳида карданд, фавран бартараф созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.