Чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зимни садамаи нақлиёт дар Қазоқистон фавтиданд, аз вилояти Свердловски Русия ба Тоҷикистон сафар доштанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” шахсе бо номи Билол, ҳамкори таксирони ҳалокшуда хабар дод, мусофирони мошин 3 нафар занон буданд.

“Мо бо ӯ 130 километр то ҷойи садама вохӯрдем. Дар мошини ӯ 3 нафар мусофирони зан қарор доштанд. Ду нафар – модару духтари 20-солаи ӯ аз ноҳияи Ҳисор ва як зан аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошанд”, - иброз дошт ронанда.

Ӯ ҳамчунин ному насаби 2 нафар ҳалокшудагонро зикр кард: ронанда Фаридун Маҳмадов (соли таваллуд 1988) ва яке аз мусофирзанон Дилафрӯз Раҳмонқулова (с/т 1982), сокини ноҳияи Ашт.

Аз дигар манбаъҳо маълум шуд, ки ду тани дигар – модару духтари ҳалокшуда Шодигул Сангинова ва Наргис Искандарова ном доранд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон ба ихтиёри пайвандону наздиконашон супурда шуда, ҷасадҳояшон ба Ватан интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки  садамаи фоҷиабор рӯзи 25-уми феврал дар роҳи “Карабутак-Костанай” дар вилояти Актюбински Қазоқистон рух дод. Минивэни тамғаи Honda, ки дар дохилаш тоҷикистониён буданд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш (фура)-и Volvo бархӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.