Дар ҷараёни ҳамоиши бузургдошт аз 25-умин солгарди ҷон бохтани яке аз раҳбарони қавми ҳазора Абдулалӣ Мазорӣ, рӯзи ҷумъаи 6-уми март дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул, тирандозӣ сурат гирифт.

Дар ин ҳамоиш шуморе аз чеҳраҳои матраҳи Афғонистон, аз ҷумла, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Салоҳиддин Раббонӣ, собиқи вазири умури хориҷӣ ва раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроия низ ҳузур доштанд.

Муовини сухангӯи раёсати иҷроияи таъйид кардааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ солим аст ва аз маҳали ҳодиса берун бурда шудааст. Яке аз ёварони Муҳаммад Муҳаққиқ низ мегӯяд, ки Муҳаммад Муҳаққиқ солим мебошад.

Тибқи иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, то кунун дар маҳал тирандозӣ идома дорад. То кунун ҷузъиёти бештари ин ҳамла дар даст нест. Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтааст, ки то кунун 18 захмӣ ба беморонистон интиқол ёфтаанд.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла ба маросими гиромидошт аз 25-умин солгарди Абдулалӣ Мазориро "ҷиноят алайҳи башарият" хондааст.

Ба иттилои телевизиони "Тулӯъ", Толибон гуфтаанд, дар ин ҳамла даст надоранд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ дар "Твиттер" навиштааст, ки ҳамлаи имрӯз ба як нишаст дар шаҳри Кобул, рабте ба ин гурӯҳ надорад.

Соли гузашта низ чунин маросим мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар он ҳамла Абдулатиф Пидром, раҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ҷароҳат бардошта буд.