Шаби 29-уми март, тақрибан соати 22 дар километри 45-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, аммо ронанда осеб надид.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ширкати Innovative Road Solutions (IRS) роҳи кӯҳиро аз сангу рег тоза карданд ва мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд.
КҲФ огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳамоно боқист. Зимнан аз аҳолӣ дархост мешавад, ҳангоми сафар тавассути роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба боло бурдани суръаи ҳаракат роҳ надиҳанд.
Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кӯҳии Тоҷикистон хатари омадани сел, резиши сангу рег ва лағзиши тарма вҷуд дорад. Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Душанбе-Ванҷ, Хоруғ-Ишкошим дар чунин рӯзҳо хавфи бештар доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Аз Сомониён то Сиёвушгирд. Дар Дарвозу Шуғнон чанд деҳаи нав “ташкил” шуд
Вазири фарҳанг ваъда дод, Вазорати тандурустӣ роҳпулӣ ҷудо кард, вале ҳанӯз маблағи табобати Нозим Меликов ҷамъ нашудааст
Як мард дар Хуросон барои шиканҷаи ҳамсару кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд
Даромад аз кӯҳу пушта! Бузургтарин боғи чормағз дар куҷо ва чӣ гуна бунёд шуд?
Хатсайри нави Душанбе – Риёз. Роҳандозии ин хатсайр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ баррасӣ шуд
Ҷудокорзани тоҷик ба медали тиллои Ҷоми Осиё дар Гонконг соҳиб шуд
“Ба мусофирон хӯрок диҳед!” Талаби Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ
“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста