Ронандаи мошини тамғаи “Лексус-PX-350” дар шаҳри Ваҳдат 3 пиёдагардро пахш кардааст, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 30-юми март ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” Боймаҳмад Одинаев ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдааст.

Баъдан воситаи нақлиётро ба қафо ронда, 3 пиёдагардро пахш кардааст. Пиёдагардон Файзимо Холмуродова ва Хиробон Комилова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон як нафари дигар – Диловар Ғафуров маҷруҳ шуда, айни ҳол бистарии беморхона аст.

Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.