Аз дарёи Вахш ҷасади як духтари ноболиғ пайдо гардида, ба хешовандонаш супорида шуд.

Рӯзи 30-юми март ба қисми навбатдории фаврии Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар доданд, ки як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори Сангтӯда-2 ғарқ шудааст. Ин ҳодиса субҳи 29-уми март ба вуқӯъ омадаасст.

Дастаҳои махсуси зудамали наҷоти раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва шуъбаи КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соати 13:20 ҷасади духтар дар чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдору хешовандонаш супорида шуд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ, ӯ дар наздикии обанбори Сангтӯда-2 бо сабабҳои номаълум ба об афтода, ғарқ шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани ҳодиса тафтиш оғоз карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.