Наҷотбахшон баъд аз фурӯ рехтани боми зинапояи яке аз биноҳои шаҳри Душанбе, 72 сокини онро ба хонаҳои хешовандон ва ҳамсоягон интиқол доданд.

Бино ба иттилои КҲФ, бегоҳии ҷумъа, 17-уми апрел, соати 20:58 дақиқа ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита хабар расид, ки боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1 фурӯ рехтааст.

Соати 21:01 дақиқа 26 нафар наҷотбахшони Маркази таъиноти махсуси кофтуковию наҷот ва дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурӯъ карданд.

Аз ҷониби наҷотбахшони Кумита ва сохторҳои дахлдор 72 истиқоматкунандаи бинои мазкур ба хонаҳои ҳамсоягон ва хешовандон интиқол дода шуданд.

Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино 2 навбатдории шабонарузӣ ташкил карданд корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба 18-уми апрел гузошта шуд.

Соати 05:52 дақиқаи субҳи шанбе 8 наҷотбахши Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва 3 техникаи махсус (1 автокран ва ду мошини махсуси наҷот), инчунин 9 нафар кормандони Раёсати хадамоти таъиноти кофтуковию наҷоти Кумита бо як техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.

1/8

Танҳо соати 17:08-и ҳамон рӯз аз анҷоми корҳои наҷот гузориш доданд. Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд.

Рӯзи 19-уми апрели соли равон, соати соати 20:36 дақиқа ба қисми навбатдории фаврии КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи Зарафшон 1, шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и ноҳияи Сино қубури магистралии оби нушокӣ (бо андозаи 300) ба садама дучор гардида, дар натиҷаи ҳолати баамаломада об ба дохили чоҳбун  барои сохтмони бинои баландошёна   даромада, роҳрави назди чоҳбун ба масофаи тахминан 50 метр ва паҳнои 5 метр фурӯ рафтааст.


Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе сафарбар гардида, бо ҳамроҳии кормандони КВД обу корезии шаҳри Душанбе, оби ворид гаштаро бо 4 адад насосҳои обкаш кашиданд. Соати 01:05 дақиқа вазъ ба эътидол омад ва об ба маҷрои аслии худ равон шуд.

Сабаби ба садама дучор гардидани қубури магистарлии оби нушокӣ ин риоя нагардидани меъёрҳои сохтмонӣ аз тарафи яке аз ширкатҳои сохтмонӣ унвон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.