Як ғоратгар дар пойтахт боздошт шудааст, ки кӯдакро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Шоҳмансур Дӯстмуроди Убайдуллои 19-сола дар рӯй ниқоб кашидаву бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии як сокини ҳамин ноҳия даромадааст ва кӯдаки хурдсоли хонадонро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст.
Ӯ чун пай бурдааст, ки соҳибони хона ин миқдор маблағ надоранд, ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гирифта, кӯдакро раҳо кардааст ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Номбурда ба хотири рӯйпуш кардани ҷиноят, ниқобу корд ва дигар ашёро дар ҷӯйи маҳалла партофта, нобуд кардааст.
Айни замон нисбат ба Дӯстмуроди Убайдулло мутобиқи моддаи 249 КҶ ҶТ (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.