Садамаи фоҷиабори нақлиёт дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд нисфирӯзии шанбе, 25-уми апрел рух дода, бар асари он 8 нафар ҷон бохтанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, Манучеҳр Шокиров, ронандаи 31-солаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз Истаравшан ба самти Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил мебарояд ва ба сабукрави “Опел-Вектра” зери идораи Бахтиёр Хоҷамуродови 37-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандаи “Мерседес-Бенс” ва 3 нафар мусофирон, ки ҳама сокинони шаҳри Гулистон будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - зикр шудааст дар маълумоти ВКД.

Ҳамзамон ронандаи сабукрави “Опел-Вектра” бо 3 мусофираш – сокинони ноҳияи Зафаробод низ ҳалок шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

1/3

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.