Шоми 6-уми май як сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки чорвои хонаводагиро мечаронд, дар сой афтода, аз он ки бо вай касе ҳамроҳ набудааст, дар сел ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин сокини ҷамоати Муҷун чорвои хонаводагиро мечаронд ва ҳангоми убур аз сойи Бешкалсой ба оби пуртуғён афтодаву ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, бар асари сели азим ҳамчунин пули Бешкалсойи деҳаи Панҷбоғи ҷамоати деҳоти Муҷун қисман зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бар асари борони шадиди рӯзи 5-уми май ва боло гирифтани сатҳи намӣ дар ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ярч ба амал омада, дар натиҷа бинои истиқоматӣ ва хоҷагии ёрирасон осеб дидаанд.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, барои бартараф кардани паёмадҳои ин офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Кумита бори  дигар аз сокинони деҳоти кӯҳӣ даъват кардааст, ки дар рӯзҳои пурбориши баҳорӣ аз роҳандозии корҳои саҳро, киштукор, чорвочаронӣ, рафтан ба шикоргоҳ ва ғунучини ҳезум ё алаф худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.