Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) соати 20:00-и рӯзи 17 май дар хонаи марди 42-сола ҷасади зани 50-сола бо аломатҳои маргӣ маҷбурӣ дарёфт шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки марди соҳибхона бо ҳамроҳии зан дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми муноқишаи рухдода ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.