Сокини шаҳри Хоруғ, навраси 13-сола нимаи дуюми рӯзи 15 май аз беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд афтода, ғарқ шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, корҳои ҷустуҷуи ҷасади наврас шоми ҳамон рӯз ва ду рӯзи минбаъда бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 май сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз пули мошингузари мавзеъи Сари Пул худро ба оби пурталотуми Сурхоб андохта, ба ҳалокат расидааст.

Наҷотбахшони дастаи зудамали Кумита дар минтақаи Рашт ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, корҳои ҷустуҷӯро ба роҳ монданд ва рӯзи 17 май ҷасадро дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, мавҷи об ҷасади ӯро беш аз 30 километр бурда ва дар маҳалле бо номи Мазори Хоҷа Абдуллое Валӣ, воқеъ дар ноҳияи Нуробод партов кардааст. Ҷасади марҳум ҳоло ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуда, тафтиши сабабҳои ин худкушӣ оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.