Рӯзи 31-уми май дар марзи вилояти Бодканди Қирғизстон ҳамсарҳад бо минтақаи Сӯхи Ӯзбекистон миёни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша бархост. Онҳо ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои хабарнигори "Озодлик" - бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни ин даргириҳо аз ҷониби Ӯзбекистон ду хонаи сокинон ва аз ҷониби Қирғизистон як хона ба оташ кашида шудааст. Нерӯҳои марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ӯзбек ва қирғиз дар якҷоягӣ вазъро назорат мекунанд. Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи мақомоти маҳаллӣ, ки рӯзи 31-уми май баргузор шуд, ба даст омадааст.

Дар ин гуфтугӯҳо аз ҷониби Ӯзбекистон ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раиси ноҳияи Сӯх ширкат кардаанд. Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот муовини аввали Намояндаи мақомот дар вилояти Бодканд Жаркинбек Максутов ва ҳокими ноҳияи Қадамҷо Алгинбай Имаров намояндагӣ кардаанд.

Сурат: Turmush.kg

Раиси ноҳияи Қадамҷой Алгинбай Имаров ба "Азаттик" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯ ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки вазъро дар марз назорат кунанд ва ба беназмиҳо иҷозат надиҳанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 15 захмии муноқишаи марзӣ, ба яке аз дармонгоҳҳо дар шаҳри Айдаркен интиқол ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир чаҳор тани ин афрод дар бемористон зери муолиҷа ҳастанд, ки вазъи ду нафари онҳо вахим мебошад.

Қаблан як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 16 узбекистонӣ дар ҷараёни ин муноқиша захм бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муноқишаи рӯзи 31-уми май наздикиҳои зӯҳр дар наздикии чашмае бо номи "Чашма" рух додааст. Ба фарзияи манбаи "Азаттик", ҳар сол мардуми ду тараф аз роҳи ҳашар чашмаро покиза мекунанд ва ҳангоми ҳашар ҷанҷол бархостааст. Пас аз он ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд.

"Муноқиша замоне рух дод, ки сокинони ноҳияи Сӯх ба наздики чашма омаданд. Сокинони деҳаи қирғизҳо исрор карданд, ки онҳо аввал об мегиранд. Дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар зад ва ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ карданд. Гуфта мешавад, ки 16 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд. Ин бор даргирӣ бисёр зиёд буд",-гуфт ин манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Раёсати марзбонии Хадамоти давлатии амнияти давлатии Ӯзбекистон дар "Телеграм"-и худ хабар додааст, ки барои ҳалли мушкил дар марз, раҳбарони масъули мақомоти маҳаллии ду кишвар мулоқот карданд.

"Дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст. Талошҳои муносиб барои аз байн бурдани паёмадҳои даргирӣ анҷом мешавад", - омадааст дар ин хабар.

Узбекистону Қирғизистон 1379 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан 5 дар сади он тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сарҳади Сӯх аз ҳамин қабил порчаи марз аст ва дар инҷо байни мардуми ду тараф барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол мехезад.