Сангмаҳмад Алиев, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут рӯзи  31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани автомашинаи тамғаи Опел-Астра дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст.

Номбурда ба ҷойи ёрӣ ба ҷабрдида, баръакс худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст, иттилоъ медиҳад, Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, санаи 31-уми майи соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум шаҳрванд Холбӣ Саъдуллоев,а соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ҳангоми ба фаъолияти роҳрубӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев машғул будан бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ҷабрдида Холбӣ Саъдуллоева баъд аз муоинаи табибон ба хонааш рухсат дода шуда, саломатиаш хуб мебошад.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, автомашинаашро ба Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе фиристоданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.