Имрӯз соати 6:30 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон бо қувваи 5,7 балл заминларза рух дод.

Тавре Хадамоти геологии ИМА (USGS) маълумот медиҳад, маркази заминларза дар 72 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ ва 327 километрии шарқи шаҳри Душанбе воқеъ будааст.

Маркази заминҷунбӣ дар қаъри 112 километр  ҷой гирифтааст.

Маркази ҷумҳуриявии Монитирониги пешгӯйии зилзилаи КҲФ Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки рӯзи 16 июн, соати 06:30 дақиқаи вақти Тошканд дар 11 минтақаи ин кишвар заминларза эҳсос шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.