Ронандаи “Опел-Астра” Аскарҷон Бухориев, ки рӯзи 20-уми июн дар ноҳияи Фархор як ноболиғро пахш кардааст, аз тарафи муфаттишони РВКД дар минтақаи Кӯлоб дастгир шудааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти прокуратура хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 17:30 дар ҳудуди деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ автомашинаи “Опел-Астра” таҳти идораи Аскарҷон Бухориев, ки дар ҳолати мастӣ буд, як навраси 13-соларо пахш кардааст. Ноболиғ Фаррух Ғозиев аз ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи ноҳияи Фархор фавтидааст.

Манбаъ афзуд, ки ронанда зимни пурсиши аввал гуноҳашро пурра ба уҳда гирифтааст.

Вобаста ба ин ҳодиса ШВКД дар ноҳияи Фархор санҷиш ва парвандаи ҷиноятиро оғоз кардааст. Аммо рӯзи 22-юми июн тафтишоти ҳодисаи мазкурро РВКД дар минтақаи Кӯлоб ба истеҳсолоти худ гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз пайвандони навраси ҳалокшуда – журналист Зеваршо Ғозиев рӯзи 21-уми июн дар саҳифаи фейсбукияш чунин навиштааст:

“Қазияи реҳлати додари ҷавонмарги 13-солаам, ки бисёр даҳшатбору нангин аст, маро намегзорад ором бишинам. Дирӯз тақрибан ҳамин соатҳо 3 нафар масту пиёни Худобехабар дохили як мошин ва яке аз онҳо капитани милитсияи минтақаи Кӯлоб бо суръати онқадар баланд мошинро рондаанд, ки ронандаи масти он мошинро идора карда натавониставу додарҷони маро бераҳмона зер карда анқариб 50 метр дур ҳаво додаст. Сари кӯдак ду пора шуда, баъди ним соати ин ҳодиса дар беморхона бо азоб ҷон дод. Вале чӣ тавр виҷдони муфаттише, ки дохили он мошин маст буд, бардошт кард, ки бигӯяд, мо не, мошини бегонае кӯдакро зер карду гурехт ва аз ин гуноҳ панаҳҷӯӣ кард. Ин қазия то фардо пурра ҳал нашаваду гунаҳкорон озод шаванд, ман ба Додситони кулл муроҷиат мекунам ва аз ҳамкороне, ки дар расонаҳои байналмилалӣ кор мекунанд, хоҳиш мекунам, ин ҳодисаро пурра таҳқиқ кунанд. Махсусан алайҳи паноҳкории муфаттиши милитсия, ки ҳамдеҳаамон аст, мехоҳам чораи ҷиддӣ андешида шавад. Тафсилоти пурратарро баъдар менависам”.

Зеваршо Ғозиев имрӯз дар навиштаи дигари фейсбукияш изҳори умед ба адолати судӣ ва таҳқиқот кардааст:

“Қотилони додари ман бо 5 ҷурм назди қонун гунаҳкоранд:
1. Маст нишастан сари чамбараки мошин
2. Қатли одам
3. Баъди бо мошин зер кардан ба беморхона интиқол надодани ҷабрдида (дар ҳоле, ки се нафари дохили он мошин худ саломат буданду имкони додани ёри аввалӣ доштанд)
4. Иҷоза додан ба ронандаи маст барои рондани мошин аз ҷониби муфаттиши милиса (ҳангоме ки муфаттиш худ дохили мошин буду шоҳиди сархуш будани ронанда)
5. Қасди пинҳон намудани гуноҳи одамкушӣ (ҳатто аз ҷониби муфаттиши милиса)
Ps: То охирин нафас барои ҷорӣ гардидани адолат мубориза мебарам ва менависам! Ва аз адолати судиву таҳқиқоти муфаттишони Вазорати корҳои дохилии кишвар умеди зиёд дорам”.

Манбаъи “Азия-Плюс” дар прокуратура гуфт: “Он ҳолате, ки дохили мошин корманди милитсия будааст, дар рафти тафтишот муайян карда мешавад, ки ба ҳодиса дахл дорад ё не. Агар ҳамчун мусофир бошад, айбе надорад ва ронандае, ки гуноҳ кардааст, ҷавобашро назди қонун хоҳад дод”.

Рух додани ин садамаи нақлиёти марговар дар ноҳияи Фархор ва дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронанда, ки боиси ҳалокати ноболиғ гардид, дар торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ низ рӯзи 22-юми июн инъикос шудааст. “Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад”, - навиштааст ВКД.