Ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Душанбе навҷавони 17-сола фавтидааст.

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шафати тарабхонаи “Яккасарой” пайдо карданд. Ҳуввияти ғарқшуда маълум нест.

“Ҳодиса рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 15 рух додааст. Ин ҷавон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷотбахшони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, соати 16:15 дақиқа марҳумро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - иттилоъ додааст КҲФ.

Инчунин як сокини 25-солаи ноҳияи Ёвон ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба дарё афкандааст.

Баъд аз гирифтани хабар ҳайати шахсии бахши шаҳри Ваҳдат сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони ҶДММ “Ёқут-2000” шаҳрвандро аз дарё наҷот бахшида, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ  ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Айни ҳол вазъи саломатияш хуб мебошад. Ӯ дар бораи сабаби аслии қасд ба ҷони худ то кунун чизе нагуфтааст.